Авіяцыя ў Беларусі

Авиатсияи тиҷоратӣ дар Белоруссия фаъолона рушд карда истодааст. Ба туфайли фаъолияти брокери ширкати ҳавоии аврупоӣ AVIAV TM (Cofrance SARL), соҳибкорони муваффақ, ташкилотҳои бузург, арбобони маъруфи ҷамъиятӣ, имконияти иҷораи ҳавопаймо ё чархболи тиҷоратиро доранд.

Ширкат дар бозори хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ аз соли ду ҳазору панҷ фаъолият дошта, аз рӯзҳои оғози фаъолият намояндагии хешро дар Белоруссия дорад. Мо хизматрасонии муосири нигаҳдории (брони) хатсайрҳои инфиродӣ ва фармоиши ҳавопаймои тиҷоратиро тариқи онлайн роҳандозӣ намудаем, ки ба туфайли он тавассути сомонаи интернет шартномаи электрониро баста, ҳамон замон маблағи онро пардохт кунед. Ҳамаи ин панҷ дақиқаро дарбар мегирад ва барои шахсоне, ки вақтро аз ҳама афзал меҳисобанд, муфид аст.

Афзалиятҳои иҷораи ҳавопаймои тиҷоратӣ дар Белоруссия

  1. Шумо, ҳатто ба набудани хатсайрҳои ширкатҳои ҳавоӣ нигоҳ накарда, ба ҳама кунҷуканори дунё мустақим парвоз карда метавонед.
  2. Дар ҳолате, ки дигар мусофирон барои гузаштани ҷараёни бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ дар фурудгоҳ мегузаронанд, Шумо метавонед панҷ соат сарфа кунед.
  3. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барасмиятдарории ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро ба ӯҳдаи худ мегирад: шартномаи иҷора, иҷозатнома барои парвоз, раводид ва суғуртаи тиббӣ барои мусофирон.
  4. Шумо дар иҳотаи наздикон ва ҳамкасбон парвоз мекунед, ки ягон кас Шуморо нороҳат намекунад.
  5. Киштии ҳавоӣ дар канораи худ таҷҳизотҳои зерин дорад: назорати ҳарорат, равшандиҳии инфиродӣ, курсиҳои фароғатӣ, системаҳои мултимедиа барои истироҳати бофароғат.
  6. Бо назардошти хоҳиш дар AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои иловагии зеринро фармоиш дода метавонед: нигаҳдории меҳмонхона, интиқол то фурудгоҳ ва аз он, хӯроки нисфирӯзӣ дар канора аз тарабхона, хизматрасонии дарбон.

Чӣ тавр ҳавопаймои тиҷоратиро бояд фармоиш дод

Агар Шумо ба иҷораи ҳавопаймои тиҷоратӣ дар Белоруссия таваҷҷӯҳ дошта бошед, метавонед дархостро бо пешниҳоди маълумотҳои мазкур дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) сабт намоед:

— нуқтаи оғози парвоз ва фуруд,

— санаҳои сайёҳат аз оғоз ва интиҳои парвоз,

— теъдоди мусофирон,

— вазн ва ҳаҷми тахминии бағоҷ,

— хоҳишҳо барои парвоз, маълумот барои тамос.

Намуди шартномаро ба осонӣ аз сомона дастрас карда метавонед. Дар идома Шумо метавонед ба саволҳои хеш аз менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) посух гиред: ба суроғаи электронӣ рӯйхати ҳавопаймоҳое, ки барои парвоз омода ҳастанд ирсол мегардад. Дар мактуб маълумоти зерин зикр мегардад:

— нархи хатсайр барои рафтуомад,

— тамсила ва «синну сол»-и ҳавопаймо,

— миқдори ҷойҳо дар канори ҳавопаймо,

— вақти парвоз,

— соатҳои оғоз ва интиҳои парвоз,

— ишора ба тавсиф ва аксҳои киштиҳои ҳавоӣ.

Интихоби варианти дилхоҳ ва мувофиқаи хусусиятҳои парвоз боқӣ мемонаду халос.

Хизматрасониҳои иловагӣ алоҳида пардохта мешаванд. Онҳоро бояд бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) муҳокима намуд. Агар ба Шумо дар канори ҳавопаймо ванна, хобгоҳ, хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхонаи дӯстдошта ва нӯшокиҳои нодир, интиқол то фурудгоҳ, мушоиати тарҷумон, ҷойгиршавӣ дар меҳмонхона ва ғайра зарурият пайдо шавад, метавонед дар омода намудани фармоиш дархост кунед. Мо сайёҳатро «аз оғоз то интиҳо» бо назардошти ҳамаи хоҳишҳои Шумо ташкил менамоем.

Барои чӣ AVIAV TM (Cofrance SARL)

 

  • Пешсаф дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ на танҳо дар Белоруссия, балки дар Аврупо.
  • Чаҳордаҳ соли таҷрибаи кор дар бозори мазкур.
  • Дастрасӣ ба пойгоҳи ҷаҳонии ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ: интихоби бемаҳдуди тамсилаҳо ва нархҳои ҷолиб барои мизоҷон.
  • Шарикони боэътимод дар кишварҳои гуногуни дунё.
  • Ҳамкорӣ бо фурудгоҳҳои маъруфи давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ.
  • Кормандони ширкат озодона бо забонҳои русӣ ва аксарияти забонҳои аврупоӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, испанӣ) муошират мекунанд.
  • Ҳавопаймои тиҷоратиро дар Белоруссия тавассути сомона дар тӯли панҷ дақиқа фармоиш дода мешавад.
  • Аъзогӣ дар ассотсиатсияҳои ҳавопаймоӣ – тиҷоратии маъруф EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association), ки дар шабакаи Avinode пешсаф маҳсуб меёбанд.
  • Ҳуқуқшиносони штатии соҳаи ҳавопаймоӣ. Шаффофияти ҳар як хариду-фурӯш ва амалиётҳои молиявӣ. Бо назардошти хоҳиши мизоҷон, кафолати махфият, муносибат ва муомилаи хуш.
  • Хизматрасонии шабонарӯзӣ.

 

Саволҳо бе посух монданд? Дар вақти қулай муроҷиат кунед. AVIAV TM (Cofrance SARL) дарҳои олами авиатсияи тиҷоратиро барои Шумо боз мекунад!