Авиатсияи тиббӣ дар Белоруссия 

Авиатсияи тиббӣ дар Белоруссия 

Чӣ тавр киштии ҳавоии тиббиро тавассути брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) дар Белоруссия бояд фармоиш дод. Хусусан, дар кадом ҳолатҳо хатсайри санитарӣ зарур аст.

 

Авиатсияи тиббӣ дар Белоруссия чиро ифода дорад? Ин пойгоҳи ҳавопаймоҳо ва чархболҳои махсус таҷҳизонидашуда, гурӯҳи наҷотдиҳандагон, духтурон ва санитарҳо, инчунин брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL), ки шабонарӯзӣ дархосту фармоишҳои хатсайрҳои санитариро қабул мекунад.

 

Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои тиббӣ ба таври зайл истифода бурда мешаванд:

• анҷом додани амалиётҳои таъҷилии наҷотдиҳӣ,

• эвакуатсияи осебдидагон аз минтақаи офатзада,

• интиқоли беморон, ки ҳолати вазнин доранд ва ҳаракат кардан манъ аст,

• интиқоли беморон ба маркази табобатӣ дар хориҷа,

• интиқоли занҳои зар мӯҳлати охири ҳомиладорӣ қарор дошта, барои таваллуд,

• интиқоли модарон бо кӯдакони хурд,

• сайёҳати калонсолон ва маъюбон,

• интиқоли фавтида ба макони хоксупорӣ.

Барои чӣ авиатсияи тиббӣ дар Белоруссия маъруфият пайдо кардааст

Белоруссия дар наздикии кишварҳои аврупоии Фаронса, Итолиё, Олмон, Испания, Белгия, Австрия ва Исроил, ки дар он ҷо марказҳои тиббии пешсафи ҷаҳон фаъолият доранд, ҷойгир аст. Дар беморхонаҳои мазкур касалиҳои мураккаб ва вазнинро муолиҷа менамоянд, ки хатсайрҳои мустақим то он ҷо ду – се соатро ташкил медиҳад. Агар имконияти мубориза барои ҳаёт ва саломатӣ мавҷуд бошад, бояд баҳри он кӯшиш ба харҷ дод.

Маҳз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои ташкили хатсайри тиббӣ «аз оғоз то интиҳо» кӯмак мерасонад:

— бо беморхонаи интихобшудаи Аврупо шартномаи муфид мебандем,

— интиқол то фурудгоҳ ва аз онро пешкаш менамоем,

— барои боҳаловат гузаронидани парвози бемор, гурӯҳи ботаҷрибаи, санитариро таклиф менамоем,

— дар ҳолати зарурӣ, мушоиати духтури тахассусӣ ва реаниматологро таъмин менамоем,

— раводид ва суғуртаро барасмият медарорем,

— ба шахсони муошоиаткунанда шароит фароҳам меорем (хӯрок, иқомат, муошират бо духтурон).

 

Чӣ тавр ҳавопаймои тиббиро бояд фармоиш дод

Читайте также:  «БЕЛАВІЯ» ПАШЫРАЕ ГЕАГРАФІЮ ПАЛЁТАЎ ВА ЎКРАІНУ

 

Ҳавопаймои тиббиро аз фурудгоҳи наздиктарин фармоиш додан имконпазир аст. Бандарҳои ҳавоии азим дар Белоруссия – «Минск», «Брест», «Гомел», «Гродно», «Витебск» ва ғайра – шабонарӯзӣ хатсайрҳоро интиқол дода, ҳавопаймоҳои хусусӣ аввалиндараҷа парвоз мекунанд.

Барои фармоиши таъҷилии ҳавопаймои тиббӣ дар Белоруссия, дар сомонаи мазкур дархости худро бо маълумотҳои зерин сабт кардан кифоя аст:

• хатсайри парвоз,

• сана ва вақти дилхоҳ барои оғози парвоз,

• ташхис ва вазъи саломатии бемор,

• тавсияи духтурон,

• чи хел мушоиат лозим аст,

• маълумот дар бораи шахсоне, ки бо бемор парвоз мекунанд,

• хоҳишҳо оиди парвоз,

• маълумот барои тамос.

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) фавран дархостро коркард карда, нархи хатсайрро ҳисоб менамояд, оиди хусусиятҳои парвоз нақл карда, хоҳишҳои Шуморо бо таваҷҷӯҳ гӯш мекунад. Бастани шартнома ва пардохти он фосилавӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ, мо омода ҳастем киштии ҳавоиро пас аз се соати сабти фармоиш пешкаши Шумо намоем.

Чархболҳои тиббӣ

Баъзан, бемор дар шаҳре қарор дорад, ки фурудгоҳ надорад, масалан, Полотск, Бобруйск, Баранович, Пинск, Орш, Слоним. Сафар тавассути нақлиёти сабукрав ё қатора барои одами касал – бисёр санҷиши сангин аст. Бино ба ин, дар авиатсияи тиббӣ чархболҳо талаботи зиёд дорад.

Чархбол дар ҳама мавзеи, ки майдончаи махсус мавҷуд аст, фуруд омада метавонад. Чархболҳо ба ҷойҳо дастнорас парвоз мекунанд: кӯҳҳо, мавзеи обӣ, дара, пиряхҳо. Онҳо таъҷилан аз макони кучаки аҳолинишин гирифта ба фурудгоҳи наздиктарин интиқол медиҳанд, дар ҳолатҳои алоҳида – ба беморхонаи интихобкарда бурда мерасонанд, ҳатто бевосита ба болои боми он фуруд меоянд.

Хатсайри санитарӣ чиро ифода менамояд

Киштии ҳавоии тиббӣ аз дигар киштиҳои муқаррарӣ тафовут дорад. Дар канораи он қатори маъмули курсиҳо вуҷуд надорад. Дар ин ҷо кат барои бемор, ки ӯро дар ҳолати зарурӣ устувор нигоҳ медорад. Инчунин, дастгоҳҳои муосири тиббӣ, доруворӣ, воситаҳои ёрии таъҷилӣ мавҷуданд. Ҷойҳо барои духтур ва шахсони мушоиаткунанда: ҳамшираи шафқат, санитар, пайвандон пешбинӣ шудааст.

Читайте также:  Бясплатны правоз аднаго камплекту спартовага рыштунку

Дар канораи киштӣ дастгоҳи табобати интенсивӣ, системаи назорати ҳарорат, фишори хун, намнокӣ дар дохили нишеман, монитори дил, дефибриллятор, дастгоҳи ҳаводиҳии сунъии шушҳо. Барои таъмини ҳаёт ва вазъи беҳтари бемор ҳамаи воситаҳои зарурӣ истифода бурда мешаванд.

Чунин хатсайрро ҳатман духтур мушоиат мекунад. Дар тӯли тамоми парвоз ӯ вазъи саломатии беморро назорат карда, барои баланд бардоштани рӯҳия ва хушҳолии бемор кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунин хатсайр барои бемори вазнин бехатар аст: дар ҳолати таъҷилӣ имконияти дар канораи киштӣ гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд аст.

Баъзан барои хатсайри тиббӣ ҳавопаймоҳои муқаррариро фармоиш медиҳанд. Ҳолати мазкур дар мавриди сафари гурӯҳи калонсолон ба осоишгоҳи эҳё ё зани ҳомиладор бо оила барои таваллуд бавуқӯъ меояд. Дар чунин вазъ дастгоҳҳои махсус зарурият надорад. Таклифи духтур ва таъминоти канораи киштӣ бо дорувории зарурӣ барои расонидани ёрии тиббии аввалин кифоя аст.

Ҳолати мазкур ҳангоми интиқоли фавтида ба мавзеи ба хок супоридан ҳам шабеҳ аст. Киштии ҳавоӣ дорои қисми махсуси ҷойгиркунии товут ва дар канораи он ҳамаи шароити фароҳам ва ором барои пайвандон ва гусели фавтида ба роҳи охират мавҷуд аст, ки кулли барасмиятдарории парвозро AVIAV TM (Cofrance SARL) ба ӯҳдаи худ мегирад.

AVIAV TM (Cofrance SARL) шарики боэътимоди Шумо

Агар ба Шумо хатсайри тиббӣ дар Белоруссия ё дохили кишвар зарур бошад, AVIAV TM (Cofrance SARL) онро аз лаҳзаи аввалин то охирин ташкил менамояд. Мо аз соли ду ҳазору сеюм бо беморхонаҳои Фаронса, Олмон, Исроил ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ дошта, мизоҷони худро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, аз ҷумла, хизматрасонии ҳуқуқӣ мерасонем.

Киштии ҳавоиро қаблан барасмият даровардан беҳтар аст, чунки барои омода кардани он ба ҳолати воқеӣ имконияти фароҳам пайдо мешавад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки беморро беозор тавассути нақлиёти махсуси эҳё то фурудгоҳ ё майдончаи махсуси чархбол интиқол диҳем. Кормандони тиббие, ки аз ҷониби AVIAV TM (Cofrance SARL) таклиф шудаанд, бо муомилаи хуш дар ҷараёни парвоз беморро ҳамаҷониба дастгирӣ ва болидахотир менамоянд.

Читайте также:  BELAVIA, UBER і VISA ПРАПАНУЮЦЬ ПАСАЖЫРАМ ДАБРАЦЦА ДА НАЦЫЯНАЛЬНАГА АЭРАПОРТА «МІНСК» УДВАЯ ТАННЕЙ

Вокунишҳои милоҷони мо

«Ба «Кофранс» раҳмат»! Барои модаркалон, ки худро бад ҳис кард, чархболи тиббиро аз Полотск то Минск тавассути брокери AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш додем. Модаркалон беҳолу хобӣ буд, ки дигар варианти интиқоли ӯ ба беморхона вуҷуд надошт. Хатсайр таъҷилан ташкил карда шуд. Мо модаркалонро ба парвоз омода кардем, худамон ҳам омода шудем, ҳамон лаҳза нақлиёти муосири ёрии таъҷилӣ ба назди хонаамон ҳозир шуд. Моро то чархлбол фавран бурда то Минск парвоз кардем, боз дар фурудгоҳ аз канораи чархбол дар як лаҳза моро гирифта бурданд, ягон сония мо интизорӣ накашидем. Ҳаёти модаркалонро наҷот додем! Мо бисёр аз Шумо сипосгузорем!»

Алена и Кирилл Белозерскиҳо, Полотск.

«Барои таваллуд дар Нисса тавассути AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопаймои тиббиро ба иҷора гирифтем. Ширкати хубест, ки на танҳо хатсайр, балки хизматрасонии тиббӣ дар Фаронсаро пурра ташкил намуд».

Марина, Минск.

 

«Агар маблағ барои иҷораи ҳавопаймои тиббӣ дошта бошед, албатта, гиред. Ин ягона имконияти расидан ба макони зарурӣ ва гирифтани кӯмак аст, чунки дар Белоруссия табобати аксарияти касалиҳо ғайримикон мебошад. Ман ҳавопайморо барои падарам, ки аз саратони марҳилаи сеюм азият мекашид, фармоиш додам, дар Олмон ӯро муолиҷа намуданд. Ӯ дар вазъи вазнин қарор дошт. Акнун ӯ медавад. Мо аз ҷаҳаннам гузаштем, аммо таслим нашудем. Барои кӯмак ба «Кофранс» сипосгузорем!»

Алик Арзумян, Брест.

 

admin

Comments are closed.